Пайвандҳои дастрасӣ

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши сабук, ки бо ширкати беш аз 150 варзишгар аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе тӯли ду рӯз идома кард, ба анҷом расид.

Фирдавс Азизов дар давидан ба масофаҳои 400 метр бо нишондиҳандаи 50,54 сония ва 800 метр (1 дақиқаву 54,01 сония) байни мардон, Олга Герасимова дар давидан ба масофаҳои 200 метр (27,27 сония) ва 400 метр (1.01,73) ва Надежда Риоева дар давидан ба масофаҳои 800 метр (2.28,25) ва 1500 метр (5.02,6) байни занон ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Ин се варзишгари душанбегӣ, инчунин, дар эстафетаи 4 х 400 метр бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд.
Александр Пронженко, аз ноҳияи Масчо, дар ду навъи рақобатҳо – давидан ба масофаи 200 метр (23,44 сония) ва давидан ба масофаи 60 метр бо мениъаҳо (8,9 сония) соҳиби ду медали тило гардид. Ӯ инчунин дар эстафетаи 4 х 400 метр медали биринҷии мусобиқотро бадастовард. Намояндаи дигари вилояти Суғд Александр Базаев дар давидан ба масофаи 1500 метр натиҷаи беҳтарин (4.13,56) нишон дод.
Александр Забавский, аз Душанбе, дар давидан ба масофаи 5 километр (15.42,3) медали тило ва дар давидан ба масофаи 3 километр сазовори медали нуқра шуд. Игор Хан (Душанбе) дар давидан ба масофаи 60 метр (7,27 сония) байни мардон пирӯз гардид. Варзишгари дигмри пойтахт Владислава Овчаренко ин масофаро миёни занон аввалин шуда тай намуд (8,61 сония).
Сотиболдӣ Ҳаитов, аз шаҳри Турсунзода, дар давидан ба масофаи 3 километр (8.56,36) ҷои аввал ва дар давидан ба масофаи 5 километр ҷои дуввумро соҳиб шуд. Ҳамшаҳриаш Нодира Мирзоева дар давидан ба масофаи 3 километр (12.14,3) байни занон мақоми аввалро касб кард.Дилшод Назарови душанбегӣ дар гурзандозӣ (73 м 32 см) байни мардон ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Шогирди ӯ Галина Митяева дар гурзандозӣ (54,03 метр) байни занон пирӯз шуд. Зоҳир Яҳёев, аз Душанбе, дар найзаандозӣ бо натиҷаи 47,06 метр байни мардон қаҳрамон гардид.
Дар ин навъи рақобатҳо миёни занон Парвина Аҳмадова , аз Хуҷанд, ғолиб шуд (24,95 метр). Варзишгари дигари хуҷандӣ Елена Одинсова дар ду навъи варзиш – дискпартоӣ (29,90 метр) ва вазнаҳаводиҳӣ (9,90 метр) байни занон ду медали тило ба даст овард.
Душанбегиҳо Шамсиддин Шарифов дар партови диск (38,40 метр) ва Назар Назаров дар партови вазна (12,47 метр) байни мардон пирӯз шуданд. Боз ду варзишгари пойтахт Азиз Гулов дар ҷаҳидан ба дарозӣ (5 м 74 см) байни мардон ва Олга Маҳмадҷонова дар ин навъи рақобатҳо (4 м 56 см) байни занон ғалаба карданд.
XS
SM
MD
LG