Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи матбуоти тоҷик


Дар шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши идона барпо шуда, ба бархе аз кормандони ришта ҷоизаҳо тақдим гардид.

Рӯзи 11-уми март дар тақвими Тоҷикистон ҳамчун Иди матбуот қайд шудааст. Таҷлили ин сана дар кишвар дар соли 1996-ум ба расмият даромадааст. То замони касби истиқлолияти Тоҷикистон, рӯзноманигорони кишвар 5-уми май, рӯзи нашри рӯзномаи «Правда» - нашрияи асосии Ҳизби Коммунистии Шӯравии собиқро ба сифати санаи иди касбии худ таҷлил мекарданд. Аммо баъди баҳсҳо миёни равшанфикрони Тоҷикистон бар сари таъйини рӯзи матбуоти тоҷик, 11-уми марти соли 1912, рӯзи интишори «Бухорои Шариф», нахустин нашрия ба забони тоҷикӣ дар Осиёи Марказӣ, ин сана дар тақвими Тоҷикистон ба ҳайси Рӯзи матбуоти тоҷик таъкид шудааст.
Аммо бо гузашти 96 сол аз нашри нахустин рӯзномаҳои тоҷикӣ вазъи расонаҳои хабарии Тоҷикистон – ҳам расонаҳои чопӣ ва низ расонаҳои савтиву тасвирӣ – дар чи сатҳе қарор дорад? Оё, барои мисол, дар як соли ахир васоити хабарӣ аз лиҳози моливу таъминоти фаннӣ ва, пештар аз ҳама, аз лиҳози озодии баён ва нашр рушд карданд?
Дар соли гузашта давлати Тоҷикистон аз сӯи иддае аз созмонҳои байнулмилалӣ барои рушди чандон надоштани вазъи озодии баён ва матбуот пайваста танқид мешуд. Ба иддаъои созмонҳои байнулмилалии хабарнигорӣ, гоҳе афроди ҳукуматӣ ва ниҳодҳои давлатӣ дар кори воситаҳои ахбори мустақил таъсир гузошта ва онҳоро таҳти контрол нигоҳ медоранд. Гузашта аз ин, бо вуҷуди дархости созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи августи соли 2007-ум тарҳи ислоҳи ду банди Кодекси ҷиноятиро имзо кард ва акнун тибқи он, буҳтон ва паст задани шаъни инсон, аз ҷумла дар интернет низ, ҷиноят маҳсуб гардида, барои он ҷаримаҳои зиёди молӣ ва то 2 соли зиндон ҷазо муқаррар шудааст.Ин ҳама афкори зидду нақизи ҷомиъаи Тоҷикистонро дар миён овард.
Вакили порлумони Тоҷикистон ва муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков мегӯяд, аз тасмимҳои давлат барои ислоҳи тарҳи Кодекси ҷиноӣ пуштибонӣ мекунад ва дар ин росто бо мавқеъгириҳои созмонҳои байнулмилалӣ, ки ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекунанд, мувофиқ нест: «Дар Интернет бояд масъалагузориҳо шавад, набояд аз тариқи он ба унвони як партовгоҳи сиёсӣ, партовгоҳи ғаразҳои шахсӣ истифода барем».
Ва аммо дар вокуниш ба ин амр, баъзе аз созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон иқдоми раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро манфӣ арзёбӣ карда, онро гоми дигаре ба сӯи сонсур ва маҳдудияти озодии баён хонда буданд. Ба унвони мисоли равшани нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон дар соли гузаштаи 2007-ум, маҳз тибқи бандҳои таҳқиру буҳтон боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи се хабарнигори Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистонро ёдовар мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон, мегӯяд: «Мақомот пешниҳодҳои моро дар вақташ напазируфтанд ва ин ҳама тадобири ҳукумати вақтро созмонҳои байнулмилалии нозири ҳуқуқи башар дар гузоришҳои худ ба унвони омилҳои манфӣ барои рушди озодии баён маънидод хоҳанд кард».
Ва аммо ҳукумати Тоҷикистон бар ин аст, ки дар кори расонаҳои хабарӣ ҳеҷ сонсур ва ё маҳдудият эҷод накардаасту нахоҳад кард. Мақомоти ин кишвар иддаъо доранд, ки расонаҳои хабарии Тоҷикистон аз ҳуқуқу озодиҳои зиёд бархӯрдоранд ва дар қиёс бо мамолики дигар аз лиҳози озодии баён пешрафтҳои қобили мулоҳиза доштаанд.
Феълан дар Тоҷикистон наздик ба 300 расонаи чопӣ ва теъдоде аз расонаҳои электронӣ иҷозаи расмии фаъолият доранд, аммо фаъолияти ба қавли коршиносон, начандон муассир. «Минбари халқ» - нашрияи ҲХДТ, «Asia-Plus», «Оила», «Дайджест-Пресс» ва рӯзномаҳои ҳукумативу порлумонии «Ҷумҳурият» ва «Садои мардум» аз сертиражтарин нашрияҳои Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз 12 то 25 ҳазор нусха мунташир мешаванд. Аммо ин ҳам дар ҳолест, ки Тоҷикистон, бо гузашти наздик ба 17 соли касби истиқлолии худ, ҳанӯз соҳиби як рӯзномаи ҳаррӯза нашудааст.
Фаъолият, ҳуқуқу уҳдадориҳои журналистон ва расонаҳои хабарии Тоҷикистонро 10 қонуни соҳавӣ, аз ҷумла, Қонунҳои «Матбуот ва дигар ВАО», «Телевизион ва радиошунавонӣ», «Табъу нашр», «Ҳифзи иттилоот» ва ғайра, танзим мекунанд. Вале ахиран шуморе аз созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон бо пахши як муроҷиатнома ба унвони раиси ҷумҳур, Маҷлиси олӣ ва Додгоҳҳои қонуни асосӣ ва олии кишвар дар мавриди риоят нашудани қонунҳои марбут ба расонаҳои хабарӣ ва эҷоди маҳдудият аз сӯи мақомоти давлатӣ дар кори хабарнигорон изҳори нигаронӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG