Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама пешниҳоди ноибии Клинтонро радд кард


Барак Обама, довталаби номзадӣ ба интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико аз ҳизби демократ пешниҳоди ба ҳайси номзад ба ноибии рақибаш Ҳиллари Клинтон ба ин интихобот рафтанро радд карда, гуфтааст, бояд худи раъйдиҳандагон дар ҳизб аз байни ӯву Клинтон якеро интихоб кунанд.

Ҳиллари Клинтон гуфта буд, агар вай номзади ниҳоии ҳизб шавад, мехоҳад ба Обама мақоми ноибиро пешниҳод кунад.

Ин пешниҳод баҳси гармеро дар байни демократҳо барангехт, чунки дар як тим рафтани ҳарду довталаб метавонист бар шонси пирӯзии онҳо дар интихобот биафзояд.

Аммо Барак Обама дар шаҳри Колумбус, дар ҷануби Амрико гуфт, дар сабқати миёни онҳо Клинтон дар ҷойи дуввум аст ва чунин пешниҳодро бояд на хонум Клинтон мекард.

Обама гуфта, ки то ҳоли ҳозир ӯ назар ба Клинтон ҳимояти аёлатҳои бештар ва орои низ бештари вакилони анҷумани ҳизби демократро ба даст овардааст.

XS
SM
MD
LG