Пайвандҳои дастрасӣ

Фаъолияти "Фолкштурм"-ро хунсо кардаанд


Хабаргузориҳои русӣ менависанд, мақомоти вилояти Свердловск фаъолияти 3 гурӯҳи тундрави қавмгаро, мавсум ба “Фолкштурм”, “ЗИГ-88” ва “Патриотҳои Русия--ро хунсо ва чандин нафар аз аъзои ин гурӯҳҳоро боздошт кардаанд.

Ба навиштаи матбуот, 4 тан аз дастгиршудагон дар чандин куштор ва беш аз 10 мавриди латукӯби шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон муттаҳам мешаванд. Мақомот мегӯянд, афроди боздоштшуда аз 17 то 18 сол дошта, маҳз дар заминаи адовати қавмиву нажодӣ даст ба ин ҷиноятҳо задаанд.

XS
SM
MD
LG