Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамалоти нави пурқурбонӣ дар Ироқ


Таркиши маргталабонаи мошини бамбгузоришуда дар рӯбарӯи як меҳмонсаро дар Сулаймония, шаҳре воқеъ дар шимоли Ироқ, мунҷар ба ҳалокати 1 маъмури пулис ва ҷароҳат бардоштани 31 нафар шудааст.

Дар ҳамин ҳол, мақомҳои низомии Амрико мегӯянд, дар асари як инфиҷори дигари маргталабона дар маркази Бағдод, пойтахти Ироқ 5 сарбози Амрико ба ҳалокат расида, 3 сарбози дигар ва тарҷумони ироқии онҳо захмӣ шудаанд. Дирӯз ҳамин тавр, ба гуфтаи пулиси Ироқ, бамбгузориҳои интиҳорӣ дар вилояти Дивола 6 кушта ва 22 захмӣ барҷой гузошт.

XS
SM
MD
LG