Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон низ лимити нирӯи барқ ҷорӣ шуд


Мақомоти Қирғизистон дар пайравӣ ба ҳамтоёни тоҷики худ дар ин кишвар низ лимити нирӯи барқ ҷорӣ кардаанд.

Вазорати саноат ва энержии Қирғизистон гуфт, тавзеъи нирӯи барқ ба афрод ва корхонаҳои аз ширкатҳои барқ қарздор ва ба муассисаҳои тиҷоратие, ба мисли ҳаммому сауна, ки нирӯи барқи зиёд истифода мекунанд, қатъ шуда, аммо барои аҳолӣ 18 соат дар шабонарӯз дода хоҳад шуд.

Ба ин тартиб, ҷамъияти беш аз 5-миллионнафарии Қирғизистон дар шабонарӯз ҳамагӣ 6 соат аз нирӯи барқ маҳрум хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG