Пайвандҳои дастрасӣ

Сербистон ба интихобот омодагӣ мегирад


Ихтилофи назарҳо дар мавриди бархӯрд ба истиқлолияти Косово мунҷар ба фурӯпошии эътилофи аҳзоби ҳоким дар ин кишвар шуд ва ҳукумати Сербистон дирӯз расман аз раисиҷумҳур Борис Тадич хост, парлумони феълиро мунҳал ва интихоботи ҷадиди парлумонӣ эълон кунад.

Амрико аз Белград даъват карда, ки худро аз банди масъалаи мушкилу ҳассоси Косово берун кашида, ба оянда нигоҳ кунад. Вошингтон гуфта, ки равобити хуби Сербистон бо Аврупову Амрико ба манфиати он кишвар аст.

Иттиҳодияи Аврупо ҳам гуфта, ки ҳаракат ба сӯи ин созмон барои Сербистон субот, озодиҳои бештар ва шукуфоӣ хоҳад овард.

XS
SM
MD
LG