Пайвандҳои дастрасӣ

Дучархарони гурҷӣ роҳ суи Пекин дорад


Дучархарони машҳур, Ҷумбер Лежава дар роҳ ба суи Тоҷикистон аст. Вай, ки рӯзи ҳафтуми март аз Тифлис савори дучарха ба роҳ баромад, мехоҳад, аз Озарбойҷону Эрон ва Туркманистон вориди Тоҷикистон шавад ва сипас ба Узбакистану Қирғизистон вориди Қазоқистон ва аз он ҷо роҳи Пекинро дар пеш бигирад. Лежава ҳисоб кардааст, ки то якуми август ба Пекин мерасад ва дар расми ифтитоҳи Бозиҳои олимпии Пекин ширкат варзад. Лежава барои саёҳати гирди олам бо дучарха ба Китоби рекордҳои Гюиннес шомил шуд ва соли 2004 аз Гурҷистон то Юнон сафар кардаву дар ифтитоҳи Бозиҳои олимпии соли 2004 ширкат дошт. Созмони ЮНЕСКО уро сафири сулҳ эълон кардааст.
XS
SM
MD
LG