Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гумшудагон" ногаҳон пайдо шуданд


Як хонавода, саҳеҳтараш, зану шавҳаре дар Мелбурни Австралиё аз таътил ва истироҳат баргашта, такон хӯрданд, ки хонаи онҳо пур аз корманди полис ва журналистон буд ва мебоист, лаҳзае баъд нишасти хабарии полис дар бораи бенишон шудани ин оила баргузор мегашт. Духтари онҳо Анҷела ба полис хабар додааст, ки аз рӯзи панҷшанбе ба ин су волидони ӯ нопадид шудаанд ва дар куҷо будани онҳо маълум нест. Полис фарзияҳои одамрабоӣ, куштор ва худкуширо ба раҳбарӣ гирифта, машғули таҳқиқ будааст ва ҳоло мехостааст, матбуотро ба ҷустуҷӯ шарик намояд. "Гумшудагон" мегӯянд, сафари онҳо ба осоишгоҳ тасмими шитобкоронае буд ва имкон надоштанд, духтари худро дар ҷараён бигузоранд. Аз суи дигар шиносҳои хонавода гуфтаанд, волидон ва фарзанди онҳо ҳар кадом ба таври худ зиндагӣ мекунад ва ин ҳодиса тасодуфӣ нест.
XS
SM
MD
LG