Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Cахӣ дар ҳар ду олам сарбаланд аст


Абдураҳмон Холов аз ҷумлаи он муҳоҷиронест, ки ҳанӯз замони шӯравӣ, соли 1989 ба Қазоқистон омада буд. Вай он вақт ба тиҷорати лимӯ машғул буд ва лимӯи аз Тоҷикистон овардаашро дар Сабзбозори Алмаато мефурӯхт. Вале баъди гузашти муддате вай бо амри тасодуф фаъолияти хешро тағйир дод ва аз бозор ба ошхона гузашт.

Ӯ таи солҳои тӯлонӣ қаҳвахонаи «Шифо»-ро сарварӣ менамояд. Дар ин қаҳвахона 25 ҷавони тоҷик кор мекунанд. Алъон бошад Абдураҳмон боз қаҳвахонаи дигаре дар минтақаи хушобу ҳавои Алмаато дар Горний гигант боз кард.

Абдураҳмон мегӯяд, ки фаъолияти соҳибкориаш дар Алмаато хуб идома дорад, вале ба гуфтааш агар маълумоти комил медошту таҳсилкардаи донишгоҳи олӣ мебуд, якин ки ба муваффақияти бештар ноил мегардид. Ба андешаи вай, дар ҳама кор, махсусан дар хориҷи кишвар, савод накши муҳим мебозад. Вале ба иллати нооромиҳои солҳои 90- и садаи гузашта ва таъсири номатлуби он ба Тоҷикистон алъон ағлаби ҷавонони тоҷик, ба вижа онҳое, ки дар Қазоқистон кору фаъолият мекунанд, саводи кофӣ надоранд ва ҳама ноаҳливу парешонӣ байни тоҷикон, ба андешаи Абдураҳмон, аз бесаводӣ аст.

Соҳибкори тоҷик бо таассуф ёдовар мешавад, ки дар Алмаато ҳама қавмҳо сӯи ваҳдату иттиҳод мераванд, вале бархе аз тоҷикон ноаҳл ва ҳатто бахилу бадхоҳи ҳамдигаранд ва решаи чунин муносиботи номатлуб боз, ба таъкиди Абдураҳмон, аз бесаводиву камдонишӣ аст. Аз ин хотир вай мақоли «кас нахорад пушти ман ҷузъ нохуни ангушти ман»-ро ёдовар шуда мегӯяд, ки бояд худи мо барои табобати ин иллатҳои имрӯзаи миллат талош кунем ва соҳибкору бозаргони тоҷик ҳар куҷое ва ҳар тавоноие дошта бошанд, бояд қабл аз ҳама беҳбуд бахшидани вазъи мактабро андеша намоянд. Зеро дар Тоҷикистон чун вазъи иктисодӣ хуб нест, мактабу маориф низ дар ҳоли басо сангин қарор доранд.

«- Одамони сахие, ки ҳастанд бояд дар навбати аввал хидмат ба мактабҳо кунанд.Бале аавал мактаб! Зеро мактаб босаводат мекунад. Мо бояд бихонем, хондан одамро олиму донишманд мекунад, одама бадавлат мекунад, одама ҳушёр мекунад, ҳаматарафа одама , чи хеле мегӯянд, одам мекунад.»

Худи Абдураҳмон дар ин роҳ ба мактаби деҳаашон воқеъ дар ноҳияи Қумсангир ду компутар ва баландгӯяк харида, барои васеъ кардани мактаб ва сохтани синфхонаҳои нав низ ёрӣ расонидааст. Вале, ба андешаи вай, чун бо як гул баҳор намешавад, бо талоши як - ду нафар беҳ кардани вазъи мактаб низ мушкил аст. Аз ин хотир ӯву баъзе ҳамдеҳагони соҳибкораш аҳд кардаанд, ки дар деҳа ҷамъият ва сандуқи ёрӣ ба мактабро ташкил намоянд.

Абдураҳмон мегӯяд, дар ҳар деҳаи Тоҷикистон, албатта, чанд тан бозаргону соҳибкори пулу молдор ҳастанд ва агар онҳо саховат пеша кунанду ба мактабу омӯзгорони он ғамхорӣ намоянд ва вазъи ононро беҳтар созанд, он омӯзгорон дилгарм мешаванд ва дигар тарки мактаб намекунанд ва барои мардикорӣ рӯ ба Русияву дигар кишварҳо намеоранд. Соҳибкори тоҷик итминон дорад, ки маҳз чунин бозаргонҳо дасти саховати хешро ба мактабу маориф боз намоянд, ҳаддалимкон ба рушди ҷомиа ва босаводшавии мардум ёрӣ мерасонанд ва худ тавре Абдураҳмон бо оварадани байти олие ёдовар шуд, сарбаланду хушбахт мегарданд, зеро ба хушбахтии мардум ва беҳшавиии зиндагии онон саҳм мегузоранд.


Сахӣ дар ҳарду олам сарбаланд аст,

Бахилро даст кӯтаҳ,гӯр танг аст.

Аз сӯи дигар, Абдураҳмон Холов аз таҷрибаи зиндагӣ дарёфтааст, саховатмандӣ ва дуои мардумро гирифтан омили пешрафти кори соҳибкору бозаргон ва умуман ҳар фард аст ва Худои мутаол давлати онеро зиёда месозад, ки ӯ бахшанда бошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG