Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати панҷ сарбози Амрико дар Ироқ


Бар асари таркиши як бомбе дар шаҳри Бағдод имрӯз, 10 март панҷ сарбози амрикоӣ кушта ва се тани дигари онҳо маҷрӯҳ шудаанд. Бино ба хабари низомиёни амрикоӣ, тарҷумони ироқии онҳо низ дар ин таркиш ҷароҳат бардоштааст. Ҳангоми қадамзании сарбозон дар як хиёбони Бағдод як бомбгузори маргталаб ба онҳо наздик омада ва бомби бо худ доштаашро тарконидааст. Пештар аз ин ба гуфтаи пулиси Ироқ, дар вилояти ноороми Диёло бар аксари ду бомбгузории интиҳорӣ шаш нафар аз ҷумла сардори як қабила кушта ва 22 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.
XS
SM
MD
LG