Пайвандҳои дастрасӣ

Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ, номзади улуми таърихи Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Тоҷикистон мегӯяд, ҳангоми мулоқоти анъанавии Эмомалии Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо зиёиёни кишвар хостори ба хати форсӣ гузаштани Тоҷикистон хоҳад шуд. Оқои Амиршоҳӣ тайи як нома ба унвони раисҷумҳур бо далелҳои мӯътамад ҳамчунин заруратро барои Тоҷикистон асоснок кардааст.

«Ҳарфи кириллӣ моро аз олам ҷудо ва бехабар кардааст. Дастовардҳои ҷаҳонӣ тавассути ин хат барои мо дастрас нестанд. Аз осори гузаштаи худ на фақат мардуми оддӣ, балки олимони мо низ хабар надоранд. Аммо бо хати форсӣ дар Эрон ҳамаи адабиёти ҷаҳониро метавон дастрас кард. Мо имрӯз китоб менависем, аммо намедонем барои кӣ? Ҳудуди 4 миллион моро мехонанд. Дар ҳоли гузаштан ба хати форсӣ моро ҳудуди 100 млн хоҳад хонд»

Тоҷикистон, кишваре, ки дар ҳайати салтанати Шӯравӣ соли 1929 таъсис ёфта буд, аз солҳои сиюми асри гузашта аввал ба алифбои лотинӣ, баъд ба кириллӣ гузашт. Дар ҳоле ки тайи беш аз ҳазор соли ахир тоҷикон – сокинони бумии Осиёи Марказӣ дар баробари дигар порсигӯёни ҷаҳон бо алифбои арабиасос ва маъмул ба форсӣ сарукор доштанд.

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсатиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, гузаштан ба алифбоҳои лотиниву кириллӣ дар солҳои сиюм барои тоҷикон хавфнок буд ва ҳоло аз хати кириллик ба форсӣ низ паёмадҳои манфӣ хоҳад дошт:

«Инро ба сиёсати давлат қарор додан ва ба хати форсӣ дар сатҳи ҳукумат гузаштан зарурат надорад, зеро аввал хароҷот муҳим хоҳад дошт ва болотар аз ҳама, ба мисли ду дафъаи гузашта миёни тоҷиконро хоҳад шикаст. Сеюм бор мешиканад ва ин миллат дигар қудрати онро нахоҳад дошт, ки ин алифбои душворфаҳмро таҳаммул кунад. Хуб ё бад дар ҳоли ҳозир мардум хондаву навишта метавонад ва савод орад. Ман намехоҳам, ки мардуми ман бесавод шавад»



Аввалин баҳсҳо рӯйи гузариш аз хатти кирилик ба форсӣ дар Тоҷикистон интиҳоли солҳои 80 ба ҳангоми бозсозиҳои горбачёфӣ сар заданд. Тибқи Қонуни забони тоҷикӣ, ки соли 1989 ба тасвиб расид, Тоҷикистон бояд батадриҷ ба хати форсӣ мегузашт. Омӯзиши хати форсӣ то ба ҳол дар мактабҳои кишвар вуҷуд дорад, аммо теъдоди дарсҳо маҳдуд ҳастанд. Тибқи иттилоъи Вазорати маорифи Тоҷикистон, хати форсӣ дар мактабҳои кишвар аз синфи 4 то синфи 7, яъне се сол дарс дода мешавад.

Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ, номзади улуми таърихи Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Тоҷикистон мегӯяд, ин гуна омӯзиш барои гузариши Тоҷикистон ба хати форсӣ мусоидат намекунад:

«Мо намехоҳем, ки мардум яку якбора ба хати форсӣ гузарад. Аввал дар мактабҳо бояд таълим дуруст ба роҳ монда шавад. Китобҳои дарсӣ таҳия шаванд. Устодон барномаҳои таълимии муосир таҳия шаванд. Барои ин тақрибан 30 сол зарур аст»

Дар ҳамин ҳол, Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсатиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, омӯзиши хати форсӣ бояд тариқи мактабҳо сурат гирад ва аммо аз худи ҷавонон вобаста бошад, ки то кадом андоза ба он майл доранд:

«Алифбои форсӣ барои мо бегона нест. Онро ҳатто наметавон арабӣ гуфт, балки форсӣ, яъне аз мо шудааст. Аз ин хотир, аз синфи 2 дар мактаб бояд дарс дода шавад ва ҷавонон аз он чӣ ки дар Эрону Афғонистон чоп мешавад, истифода баранд. Аммо ин кор набояд ба як сиёсати давлатӣ табдил ёбад»

Иддае дигар аз коршиносон бар онанд, ки дар ҳоли заъфи мактабҳо омӯзиши хати форсӣ ба афзоиши рӯҳияҳои тундгароёна дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард, зеро ҳанӯз ҳам бар асари таблиғоти даврони шӯравӣ дар зеҳни мардуми Тоҷикистон хати форсӣ танҳо ва танҳо бо дини Ислом тавъам шуморида мешавад. Интизор меравад, ин мавзӯъ тайи як нишасти вижаи уламои Тоҷикистон дар маркази таҳлилии мавсум ба Диалог мавриди баррасӣ қарор гирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG