Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бештари коршиносон мегӯянд, боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои африқоӣ мақоли ба як тир ду фохта заданро мемонад.

Яъне, раисҷумҳури Тоҷикистон тӯли панҷ рӯзи сафараш ба Африқо, дар иҷлоси навбатии Созмони исломӣ иштирок ва ҳамчунин бо кишварҳои африқоӣ аз наздик ошноӣ пайдо мекунад.

Исомиддин Салоҳиддинов, мушовири аршади президент Раҳмон, мегӯяд, яке аз ҳадафҳои ин сафар даъват барои сармоягузорӣ ба Тоҷикистон хоҳад буд:

«Мақсади сафар муаррифии Тоҷикистон ба Африқо ва даъвати намояндагони он ба кишвар аст. Чунки сармоягузории созмонҳои байнулмилалӣ ва давлатҳои мухталиф сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлати мост».

Аммо коршиносон мегӯянд, аз ин сафари панҷрӯза набояд мунтазири дастовардҳои иқтисодӣ шуд, зеро ҳадаф аз он бештар аз густариши муносиботи сиёсиву исломӣ иборат аст. Абдуғаффори Камол сафари оқои Раҳмон ба Африқоро пеш аз ҳама талош барои густариши равобит бо кишварҳои исломӣ арзёбӣ мекунад:

«Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Африқоро пеш аз он ки талош барои густариши равобити Тоҷикистон бо кишварҳои африқоӣ номем, бояд онро талош барои густариши равобити Тоҷикистон бо кишварҳои исломӣ номем. Аммо бо ин маънои онро надорад, ки ҳамаи кишварҳои африқоӣ ақибмонда ва мӯҳтоҷанд ва наметавонанд сармоягузорӣ кунанд».

Сафари расмии раисҷумҳури Тоҷикистон ба кишварҳои африқоӣ рӯзи душанбеи 10 март шурӯъ шуд. Дафтари матбуотии ҳукумати Раҳмон мегӯяд, раиси ҷумҳури Тоҷикистон нахуст аз Алҷазоир боздиди расмӣ анҷом медиҳад ва бо ҳамтои алҷазоирии худ Абдулазиз Бутефлика ҳамкориҳои дуҷонибаро баҳс мекунад. Баъд аз боздиди Алҷазоир ба шаҳри Дакар - маркази Сенегал меравад, шаҳре, ки иҷлоси навбатии сарони кишварҳои узви Созмони исломӣ баргузор мешавад.

«Ислом дар қарни 21» ин мавзӯъи иҷлоси навбатии Созмони исломист, ки қарор аст рӯзҳои 13 ва14 март дар Сенегал барпо шавад ва дар он Эмомалӣ Раҳмон низ нутқ ироъа хоҳад кард. Аммо мавзӯъи маърӯзаи президент Раҳмон аз чи иборат аст, ҳанӯз дақиқ нест. Вале бисёриҳо аз ҳоло ҳадс мезананд, ки оқои Раҳмон бо пуштибонӣ аз Исломи ноб ин дафъа низ аз кишварҳои исломӣ сармояи бештаре талаб хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG