Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳодияи Аврупо омодаи музокирот бо Эрон


Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, ҳозир аст бо давлати Эрон доир ба барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии ин кишвар гуфтугуҳои нав анҷом диҳад. Аммо Хавиер Солана сиёсатгузори умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо имрӯз ба хабарнигорон гуфт, Сайид Ҷалилӣ музокиракунандаи аршади ҳастаии Эрон аз ӯ чунин тақозое накардааст. Рӯзи якшанбе ҳукумати Эрон гуфт, омода аст доир ба барномаҳои атомиаш бо Хавиер Солана музокира кунад. Шӯрои Амнияти Созмони Милал аввали ҳамин моҳ даври таҳримот ба зидди Эронро шиддат бахшид, зеро ин кишвар аз талаби боздоштани фаъолиятҳои ғанисозии ураниум сарпечӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG