Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав мунтазири Серж Саркиссиён аст


Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин нахуствазири Арманистон Серж Саркиссиёнро, ки дар интихоботи баҳсбарангези кишвараш пирӯз шуд ба Маскав даъват кардааст. Раиси ҷумҳури Арманистон, Роберт Кочариён баъд аз муноқишаи тазоҳургарон бо маъмурони пулис, ки дар ҷараёни он ҳашт нафар кушта шуданд, якуми март дар Арманистон вазъи фавқуллода эълом кард.
Тазоҳургарон мегуфтанд, ки Роберт Кочариён дар интихобот тақалубкорӣ кардааст, то шарики ӯ Серж Саркиссиён пирӯз шавад. Бар асоси натиҷаҳои интихобот Серж Саркиссиён 53 дар сад ва рақиби ӯ Левон Тер Петроссиён 21,5 дар сади раъйҳоро ба даст оварданд. Рӯзи шанбе 8 март Додгоҳи Конститутсионии Арманистон натиҷаҳои интихоботро дуруст донист.

XS
SM
MD
LG