Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Сербистон пароканда мешавад


Ҳукумати Сербистон имрӯз аз раиси ҷумҳур Борис Тадич хост, то порлумони ин кишварро пароканда карда ва рӯзи 11 майро рӯзи интихоботи зудрас эълон намояд. Пештар аз нахуствазири Сербистон Воислав Коштунитса гуфт, ки ҳукумати эътилофии ӯ иборат аз вазирони ғарбгарову миллатгаро бинобар ихтилофоти назар дар робита ба сиёсат дар қиболи Косово аз ҳам пошид. Коштунитса ва тарафдорони ӯ натавонистанд, барои мутаввақиф кардани музокирот оид ба пазируфтани Сербистон ба Иттиҳодияи Аврупо ҳимояти вазирони ғарбгароро ба даст оранд. Ҳукумат мехост, ки ба ин шакл ба эътирофи Косово аз тарафи кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо эътироз кунад. Вазирони ғарбгаро тарафдори идомаи музокирот ҳастанд.
XS
SM
MD
LG