Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷараёни ихтисоси кӯмакҳо ба Тоҷикистон


Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки аз 25 миллион долларе, ки барои кӯмак ба мардуми аз сармо ранҷкашидаи Тоҷикистон хоста буд, то кунун бештар аз 8 миллион долларро ба даст овардааст. Ба гуфтаи Созмони Милал, маблағу кӯмакҳои ихтисосёфта танҳо 44 дар сади тақозои Созмони Милалро ташкил медиҳад ва барои расидагӣ ба ниёзҳои муассисаву мардуми мӯҳтоҷи кӯмак бештар аз 13 миллион доллари дигар зарур аст. Тоҷикистон имсол шоҳиди зимистони қаҳратун ва бӯҳрони амиқи энержӣ шуд ва Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, ки гузоришҳо роҷеъ ба марги 200 нафар аз ин сарморо таҳқиқ мекунад. Мақомоти Тоҷикистон хисороти расида ба иқтисоди кишварро бештар аз 850 миллион доллар арзёбӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG