Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози Афғонистон алайҳи исломситезӣ


Зидди нашри такрории карикатурҳои паёмбари Ислом ҳазорон нафар афғонистониҳо эътироз карданд

Зидди нашри такрории карикатурҳои паёмбари Ислом ҳазорон нафар афғонистониҳо эътироз карданд

Ҳазорҳо донишҷӯёни афғонистонӣ дар шаҳрҳои гуногуни кишвар алайҳи нашри такрории карикатурҳои паёмбари Ислом ҳазрати Муҳаммад намоишҳои эътирозӣ доир карданд.

Ба иттилоъи хабарнигори радиои Озодӣ, тазоҳургарон дар Ҷалолобод шоҳроҳи сӯи Покистонро бастанд ва дар он ҷо парчамҳои Данияву Ҳуландро оташ зада, нидоҳои “Марг ба Дания” ва “Марг ба Ҳуланд” дармедоданд.

Нашри карикатурҳои паёмбари Ислом дар рӯзномаҳои Дания дар ду соли пеш эътирози шадиди мусалмонҳоро барангехта буд, ки дар баъзе кишварҳо ба задухурди хунин бо пулис печид. Моҳи гузашта бархе аз нашрияҳои Дания ин карикатурҳоро дубора нашр карданд ва гуфтанд, ки ба ин васила ба кӯшиши қатли яке аз муаллифони ин карикатурҳо посух медиҳанд.

Аз ин пеш пулиси Дания хабар дод, ки бо иттиҳоми суиқасд ба ҷони яке аз рассомҳои маҳаллӣ се нафарро боздошт кардааст. Ахиран узви порлумони Ҳуланд Гирд Виддерс низ дар бораи Қуръони Маҷид филме навор бардоштааст дар он талош кардааст, ки ин китоби муқаддаси мардуми мусалмонро таҳрикдиҳандаи куштори одамон нишон диҳад. Ин филм низ ғазаби мусалмонҳои кишварҳои гуногунро барангехт.

Яке аз ширкаткунандагони намоиши эътирозӣ дар Ҷалолобод муроҷиати эътирозгарон ба ҳукумати Афғонистонро қироат кард: “Мо аз ҳукумати Афғонистон талаб дорем, ки равобити дипломатиро бо Дания ва Ҳуланд қатъ кунад. Неруҳои Ҳуланд ва Дания бояд аз Афғонистон ихроҷ шаванд. Мо аз ҳама мусалмонҳои олам даъват мекунем, ки дар пояи бародарии исломӣ алайҳи молҳои тавлиди Дания ва Ҳуланд таҳрим эълон кунанд”.

Ҳукумати Афғонистон аз нашри дубораи карикатурҳои паёмбари Ислом изҳори нигаронӣ кард, ки ин амал шояд ошубгаронро барои ҳамлаҳои нав алайҳи низомиёни ҳукуматӣ ва неруҳои байнулмилалии мустақар дар кишвар таҳрик диҳад. Толибон таҳияи филми Гирд Вилдерс ва нашри дубораи карикатурҳоро “як бахши маъракаи зидди мусалмонҳо” номиданд.

Дирӯз дар шаҳри Ҳирот, воқеъ дар ғарби Афғонистон, низ ҳамин гуна намоиши эътирозӣ алайҳи тавҳини ислом дар кишварҳои Дания ва Ҳуланд баргузор шуда буд. Эътирозгарон талаб доштанд, ки низомиёни Дания ва Ҳуланд аз Афғонистон берун карда шаванд. Намоишҳои эътирозӣ ҳафтаи гузашта дар манотиқи гуногуни Афғонистон, аз ҷумла, дар Кобул ҳам баргузор шуданд.

Дар пойтахти Афғонистон ҳудуди 200 тан аз қонунбарорҳо аз ҳукуматҳои Дания ва Ҳуланд хостанд, ки аз ҳамлаҳо ба Ислом ҷилавгирӣ кунанд. Афғонистон аз он кишварҳои исломист, ки танқиди паёмбар Ҳазрати Муҳаммад ва Қуръони Маҷид метавонад ҳукми эҳдом ба думбол дошта бошад. Дар ин кишвар айни ҳол яку ним ҳазор низомиёни Ҳуланд ва каме бештар аз 600 низомии Дания мустақаранд, ки ба ҳайати неруҳои байнулмилалии таҳти фармони НАТО шомиланд.

XS
SM
MD
LG