Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифини покистонӣ қозиҳоро барқарор карданианд


Ду ҳизби умдаи мухолифини Покистон дар пайи ташкили эътилоф тааҳҳуд додаанд, қозиёни Додгоҳи Олӣ, аз ҷумлаи раиси ин додгоҳро, ки дар пайи ҷорӣ шудани вазъи фавқулодда, аз сӯи президент Парвиз Мушарраф барканор шуда буданд, дар мақомҳояшон барқарор хоҳанд кард.

Ин ду ҳизб дар мавриди ташкили эътилоф ба хотири ташкили кобинаи вазирон тавофуқ бастаанд. Сарвазири пешини Покистон Навоз Шариф дар пайи музокироташ бо Осиф Алӣ Зардорӣ, шавҳари Беназир Бҳутто гуфт, ӯ бо ҳизби мардумии марҳум Беназир Бҳутто ба хотири ташкили давлати ояндаи Покистон вориди эътилоф мешавад: “Шарикони эътилофӣ - ҳизби мардумии Покистон ва Лигаи Мусалмонон, қаноти Навоз Шариф, ин эътилофро ба хотири иҷрои ваколате, ки аз мардуми Покистон ба даст овардаанд, ташкил мекунанд.”

Ин ду ҳизби мухолиф, ки дар интихоботи моҳи феврал аксарияти курсиҳои парлумонро соҳиб шуданд, ҳамчунин аз Мушарраф хостори даъвати бидуни таъхири иҷлосияи парлумони ҷадид шудаанд.

XS
SM
MD
LG