Пайвандҳои дастрасӣ

Мардуми Маҷористон тибби пулакиро қабул накард


Беш аз 80 дарсади мардуми Маҷористон (Венгрия) дар назархоҳии саросарие, ки рӯзи якшанбе доир шуд, бар зидди тибби пулакӣ раъй додаанд. Натоиҷи ин назархоҳӣ ба маънии радд шудани сиёсати иқтисодии кобинаи сарвазири сотсиалист Ферентс Гюршани талаққӣ мешавад. Ҳукумат мехост ба хотири пойин бурдани мизони касри буҷаи Маҷористон, ки дар Иттиҳодияи Аврупо бузургтарин аст, бархе хадамоти тиббиро пулакӣ кунад. Вале ҳатто бо вуҷуди ваъдаи корбурди нархномаҳои нисбатан пойин мардум алайҳи ин ислоҳот раъй додааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG