Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Запатеро ба мардум изҳори сипос кард


Дар пайи пирӯзӣ дар интихоботи парлумонии рӯзи якшанбе сарвазири Испания Ҷозе Луис Родриго Запатеро ба тарафдоронаш изҳори сипос кард.

Ҳизби ҳокими сотсиалисти Испания наздики 44 дарсади ороро бурда, дар ҳайъати нави парлумон ҳам бузургтарин ҳизб боқӣ мемонад, вале ба хотири касби аксарият маҷбур ҳаст, бо яке аз аҳзоби хурд ташкили эътилоф кунад. Ҳизби мардумӣ, умдатарин ташаккули мухолифи давлати кунунии Испания наздики 40 дарсади ороро ба даст оварда, назар ба гузашта дар парлумони оянда соҳиби курсиҳои бештаре хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG