Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Сербистон интихоботи ҷадид доир хоҳад шуд


Интизор меравад, имрӯз раисиҷумҳури Сербистон Борис Тадич дар ин кишвар интихоботи ҷадиди парлумонӣ даъват кунад. Эҳтимолан, интихоботи ҷадид моҳи май доир шуда, бояд маълум кунад, ки Белград минбаъд ҳаракаташ ба сӯи пайвастан ба узвияти Иттиҳодияи Аврупоро идома хоҳад дод ва ё ба масири инзивоъгароии солҳои 90-умаш бар хоҳад гашт?

Ихтилофи назарҳо бар сари масъалаи истиқлолияти Косово эътилофи ҳоким дар Сербистонро аз ҳам фурӯ пошид. Сарвазири Сербистон Воислав Коштунитса, ки мавзеъи қавмгароёна дорад, рӯзи шанбе эълон кард, ки кобинаи вазирон пешниҳоди ӯ дар бораи дар робита ба истиқлолияти Косово радд кардани қаробат бо Иттиҳодияи Аврупоро қабул накард ва аз ин рӯ, ин кобина дигар ба кораш идома дода наметавонад.

XS
SM
MD
LG