Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулис монеъи вуруди сарбозони собиқ ба Косово шуд


Нирӯҳои пулиси Сербистон аз вуруди садҳо сарбози собиқадори артиши ин кишвар ба қаламрави Косово ҷилавгирӣ кардаанд.

Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс менависад, собиқадорони ҷанги Косово қасд доштаанд, дар гузаргоҳи Мердара сутуни марзиеро, ки дар он “Ҷумҳурии Косово” навишта шуда буд, баркананд. Аммо садҳо маъмури басиҷшудаи пулиси серб нагузоштаанд, ки онҳо аз қаламрави шаҳри Курсумлия берун шаванд. Косово, қаламрави умдатан албанинишин ва дар гузашта тобеъи Сербистон, дар моҳи феврал истиқлолияташро эълон кард, вале ин иқдом хашми сербҳоро барангехтааст.

XS
SM
MD
LG