Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳзоби мухолифи Покистон ташкили эътилоф мекунанд


Ду ҳизби умдаи мухолифини Покистон дар мавриди ташкили эътилоф тавофуқ бастаанд. Сарвазири пешини Покистон Навоз Шариф гуфт, ӯ бо ҳизби мардумии Беназир Бҳутто ба хотири ташкили давлати ояндаи Покистон вориди эътилоф мешавад: “Шарикони эътилофӣ - ҳизби мардумии Покистон ва Лигаи Мусалмонон, қаноти Навоз Шариф, ин эътилофро ба хотири иҷрои ваколате, ки аз мардуми Покистон ба даст овардаанд, ташкил мекунанд.”

Ин ду ҳизби мухолиф, ки дар интихоботи моҳи феврал аксарияти курсиҳои парлумонро соҳиб шуданд, аз президент Парвиз Мушарраф хостори даъвати бидуни таъхири иҷлосияи парлумони ҷадид шудаанд.

XS
SM
MD
LG