Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати раҳбари ислоҳталабон аз мардуми Эрон


Бо ин вуҷуд, ки номзадҳои ислоҳталаб танҳо барои дарёфти камтар аз нисф аз 290 курсии ҳайъати нави Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон вориди мубориза шудаанд, Меҳдии Карубӣ, аз раҳбарони ислоҳталабони эронӣ аз мардум даъват кард, рӯзи ҷумъа, 14 март, дар интихоботи парлумонӣ фаъолона раъй диҳанд. Оқои Карубӣ гуфтааст, мақомот мехоҳанд мардумро “канор бизананд”, вале агар мардум раъй надиҳанд, авзоъ танҳо бадтар хоҳад шуд.

Меҳдии Карубӣ, раиси собиқи Маҷлиси Шӯрои Исломӣ, парлумони Ҷумҳурии исломӣ, ҳамчунин аз давлати Эрон ба маҳзи истодагарии, ба таъбири вай, “барангезанда”-аш дар масоили ҳастаӣ интиқод кардааст.

XS
SM
MD
LG