Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози "моҳи ноябр" дар Гурҷистон?


Рӯзи якшанбе ҳазорон нафар аз тарафдорони мухолифини Гурҷистон дар маркази пойтахти он кишвар, шаҳри Тифлис, дар рӯбарӯи сохтмони парлумон алайҳи сиёсати президент Михаил Саакашвили ташкили раҳпаймоӣ карданд.

Тазоҳургарон Саакашвилиро айбдор карданд, ки ӯ ба хотири расидан ба давраи дуввуми раёсатҷумҳурӣ натоиҷи интихоботи рӯзи 5 январро ба нафъи худ гардондааст.

Левон Гачечиладзе, яке аз раҳбарони мухолифини гурҷӣ бо ишора ба ноябри соли 2003, санаи “инқилоби садбаргҳо”, ки Михаил Саакашвилиро ба сари қудрат оварда буд, дар баробари тазоҳургарон чунин гуфт:

“Имрӯз дар Гурҷистон як ноябри ҷадид оғоз мешавад. Ин як раҳпаймоии доимӣ хоҳад шуд ва фақат баъди ба ҳадаф расидани мо поён хоҳад ёфт. Ва ин ҳадафи мо интихобот аст, интихоботи озод!”

Мухолифини гурҷӣ дар ҷараёни тазоҳуроти дирӯза давлатро ҳамчунин ба назорат бар матбуот дар пешорӯи интихоботи парлумонии моҳи май айбдор карданд.
XS
SM
MD
LG