Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифини гурҷӣ боз ба майдонҳо рехтанд


Дар Тифлис намоиши эътирозии мухолифин алайҳи натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳури Гурҷистон аз сар гирифта шуд. Дар назди бинои порлумон тақрибан ду ҳазор нафар ҷамъ омадаанд. Чанд тан аз раҳбарони мухолифин гуруснанишинӣ эълон кардаанд. Аҳзоби мухолиф ҳисобу китоби такрории раӣъҳо дар интихоботи президентии рӯзи 5 январро талаб доранд, ки дар он, ба иттилоъи расмӣ, Михаил Саакашвилӣ пирӯз шудааст. Мухолифин мегӯянд, ки намоиши эътирозиро то комилан иҷро шудани талабашон идома хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG