Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Бадахшон як чархболи «МИ-8»-и ширкати хавонавардии "Тоҷик-эйр" суқут намуд ва як халабони он ба ҳалокат расид.

Бинобар иттилоъи ситоди ҳолатҳои истирории Бадахшон, дар ин чархбол, ки рӯзи 8 март суқут кард, ба ғайр аз 3 халабон ва як тарҷумон, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, ҳамчунин 11 нафар кӯҳнавардони хориҷи кишвар қарор доштанд.

Мунаввар Мирзомустақимов, сардори шуъбаи ҳифзи аҳолии ситоди ҳолатҳои фавқулъодда, гуфт, бар асари садама сардори халабонҳо Сабуров Толиб ба ҳалокат расида, се нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Вай гуфт, дар байни мусофирони чархбол 4 шаҳрванди Австрия, 1 нафарӣ аз Олмон, Англия, Франсия, Белгия, Шветсария ва 2 нафар аз Русия буданд.

Садама дар баландии 3600 метр аз сатҳи баҳр ва дур аз маҳалли аҳолинишин ба вуқуъ пайваста, бо кумаки 2 чархболи дигар ҷои суқути «МИ-8» муайян шудааст ва бегоҳии дирӯз ва субҳи имрӯз осебдидагон ва ҷасад ба Хоруғ интиқол шуданд.

Сарпизишки беморхонаи Бадахшон Шоди Гулаёзов гуфт, барои расондани кумаки аввалия ба беморхона 8 нафар муроҷиат карда, 2 нафар шаҳрванди Тоҷикистон бо нишонаҳои зарб хурдани устухонҳои мағзи сар ва шаҳрванди Фаронса Мукило Гаяни бо аломати шикастани устухони пой бистарӣ шуданд. Аммо субҳи имрӯз осебдидагон барои идомаи табобат бо хоҳиши худашон дар қатори дигар ҳамсафаронашон ба Душанбе интиқол дода шуданд.

Ба гуфтаи геологҳо, дар қаторкӯҳҳои байни манотиқи Роштқалъа ва Ишкошим қуллаи Маяковский ҷой гирифта, ҳамасола кӯҳнавардони зиёде ба ин ҷо сафар мекунанд ва суқути чархбол дар наздикии ин қулла ба вуқуъ пайвастааст.

XS
SM
MD
LG