Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Венесуэла неруҳояшро аз марз бозмехонад


Дар марзи миёни Колумбия ва Венесуэла шиддати вазъ коҳиш меёбад – дирӯз Уго Чавес, раиси ҷумҳури Венесуэла ваъда дод, ки неруҳои иловагии ба марз бо Колумбия интиқолёфта рӯзи сешанбе ба қароргоҳҳои пешини худ бозмегарданд.

Венесуэла неруҳояшро дар марз бо Колумбия баъди он мустақар кард, ки низомиёни Колумбия ба қароргоҳи ошубгарони гурӯҳи ФАРК дар Эквадор ҳамла карданд ва дар ин амалиёт чанд нафар, аз ҷумла, яке аз раҳбарони аршади ФАРК ба ҳалокат расиданд. Пойгоҳҳои ин гурӯҳ асосан дар Колумбия ҷойгиранд ва аммо ФАРК дар Эквадор ҳам чанд қароргоҳ дорад.

Баъд аз ин амалиёт Эквадор ва Венесуэла равобити дипломатӣ бо Колумбияро қатъ карданд. Се рӯз пеш дар як нишасти раҳбарони кишварҳои Амрикои Лотин ҷонибҳо ба дарёфти мусолиҳа муваффақ шуданд – Колумбия эълом дошт, ки аз ин баъд дар қаламрави кишварҳои ҳамсоя амалиёти низомӣ доир нахоҳад кард.

XS
SM
MD
LG