Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии мусовӣ бо нокомӣ


Интихоботи порлумонии Малайзия, ки дирӯз баргузор шуд, бо пирӯзии эътилофи ҳукмрони Ҷабҳаи мардумӣ поён ёфт. Ва аммо барои нахустин бор аз соли 1969 ба ин сӯ ба эътилоф пирӯзии комил, яъне дарёфти аз се ду ҳиссаи раӣъҳо муяссар нашуд. Ҳамчунин эътилофи ҳукмрон дар интихобот ба маҷлисҳои маҳаллии 13 аёлат дар чаҳортояш мағлуб шуд.

Ҷабҳаи мардумӣ шурӯъ аз соли 1957, баъд аз дарёфти истиқлоли Малайзия раҳбарии кишварро бар дӯш дорад. Коршиносон натоиҷи интихоботи ахири порлумониро чун "бузургтарин нокомӣ дар таърихи ҳизби ҳукмрон" арзёбӣ карданд.

XS
SM
MD
LG