Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теҳрон барои эҳёи музокирот омода аст


Эрон омодагияшро барои эҳёи музокирот бо Иттиҳодияи Аврупо дар робита ба барномаи ҳастаии кишвар иброз дошт. Манучеҳри Муттакӣ, вазири хориҷаи Эрон зимни суханронӣ дар конфаронси байнулмилалӣ оид ба энерҷии ҳастаӣ дар Теҳрон изҳор кард, ки кишвараш ҷонибдори музокироти судовар аст.

Ҳамзамон вазири хориҷаи Эрон бори дигар таъкид кард, ки Теҳрон аз ғанисозии ураниум даст бардоштанӣ нест.

XS
SM
MD
LG