Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коштунитса ба истеъфо меравад


Воислав Коштунитса, сарвазири Сербистон дар бораи истеъфои худ хабар дод ва барои баргузории интихоботи нави порлумонӣ даъват кард. Ба иттилоъи хабаргузориҳо истеъфо – посух ба фишор болои ҳукумати Сербистон барои равобити наздиктар бо Иттиҳодияи Аврупо баъд аз эълони истиқлоли Косово мебошад. Коштунитса изҳор карда буд, ки ҳеҷ гоҳ истиқоли Косоворо эътироф нахоҳад кард ва дар ҷудо шудани ин минтақа аз ҳайати кишвар Иттиҳодияи Аврупоро айбдор мекард. Борис Тадич, раисиҷумҳури Сербистон, баръакс, мутмаин аст, ки кишвар аз манфиатҳои худ дар робита ба Косово фақат дар сурати ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи Аврупо метавонад ҳимоя кунад.

XS
SM
MD
LG