Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай хостори таҳсили духтарони афғон шуд


Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон аз мардҳо ва раҳбарони мазҳабӣ даъват кард, ки ба донишомӯзии занону духтарон монеъ нашаванд.

Ӯ гуфт, ки айни ҳол кишвар ба теъдоди бузурги занони таҳсилкарда, аз ҷумла, духтурони ҳамшираҳои шавқат ниёз дорад. Раисиҷумҳури Афғонистон ҳамчунин аз раҳбарони мазҳабӣ хост, ки бо истифода аз нуфузи худ ба издивоҷи духтарони ноболиғ ва никоҳҳои маҷбурӣ хотима гузоранд.
XS
SM
MD
LG