Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи вилояти Суғд қотили ду духтари ноболиғ Сайнуриддин Ойаҳмдовро ба ҳабси абад ва шарики ӯ Манзура Абдуқодироваро ба муҳлати 30 соли зиндон маҳкум кард.

Ба гуфтаи раиси мурофиаи ин парванда додраси додгоҳи вилоят Ҷӯрабек Шеров, гуфт, ки Сайнуриддин Ойаҳмадов, мутобиқи як қатор бандҳои Асноди ҷиноии Тоҷикистон – барои одамкушии махсусан бераҳмона, дуздӣ, дузанагӣ, раҳзанӣ, қаллобӣ ва шарики вай Манзура Абдуқодирова барои ҳамдастӣ дар куштори инсон, дуздӣ ва раҳзанӣ гунаҳкор ҳисобида шуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки маҳкумшудагон бо маслиҳати қаблӣ духтарони ноболиғ Зуҳро ва Биҳомида Маҳкамоваи 12- ва 16-соларо дар аввалҳои моҳи октябри соли 2007 дар манзили зисти онҳо, дар ҷамоати Қистакӯзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ба тарзи ваҳшиёна ба қатл расонидаанд. Ҷинояткорон ба хотири дуздии ду занҷирбанд ва ду гӯшвораи тило ва пул, ҳамагӣ беш аз 1400 сомонии тоҷикӣ хоҳаронро куштаанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки, ба маълумоти додситонии Суғд, соли 2007 дар вилояти Суғд ҳудуди 50 ҷинояти вазнини қатлу куштори одамон содир шудааст.
XS
SM
MD
LG