Пайвандҳои дастрасӣ

Оламиён Рӯзи занонро таҷлил мекунанд


Имрӯз дар кишварҳои гуногуни олам Рӯзи занон таҷлил мешавад. Мақомоти Кореяи Шимолӣ дар рӯзи ид аз бонувони кишвар даъват карданд, ки аз мӯди аврупоӣ парҳез кунанд. Раҳбарони кишвар мегӯянд, ки ҳар бонӯ бояд намунаи беҳтарини либоспӯшӣ ва тартиби мӯйро намоиш диҳад. "Нодом Синмун", нашрияи расмии ҳукумат ҳамчунин аз занҳо даъват кардаст, ки кӯдаконро дар рӯҳи эҳтиром ба ормонҳои инқилоб тарбият кунанд.

Дар Русия нозирони роҳ имрӯз занонро барои риоя накардани қойидаҳои роҳ муҷозот намекунанд, албатта, барои риоя накардани қоидаҳои майда-чуйда. Муовини аввали вазири умури дохилаи кишвар Александр Чекалин гуфтааст, ки имрӯз занҳо бо нозирони роҳ ягон мушкил нахоҳанд дошт, зеро кормандони милиса дастур гирифтаанд, ки баъди манъ кардани мошин занҳои ронандаро ҳатман бо ид табрик гӯянд ва онҳоро барои эҳтиёт ҳидоят кунанд.

Дар ҷумҳурии мухтори Туваи Русия бошад имрӯз унвони “Қаҳрамонмодар” дубора эҳё шуд ва раҳбари ҷумҳурӣ Шолбан Қара-Оол ба даҳ зане, ки беш аз даҳ тифлро ба воя расонидаанд, медал ва 250 ҳазор рублӣ, муодили тақрибан 11 ҳазор доллар супурд. Дар ин кишвари воқеъ дар минтақаи Сибир 118 зан беш аз даҳ тифл доранд.

XS
SM
MD
LG