Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афғонҳо алайҳи тавҳини ислом эътироз карданд


Дар шаҳри Ҳирот, воқеъ дар ғарби Афғонистон намоиши эътирозӣ алайҳи тавҳини ислом дар кишварҳои Дания ва Ҳуланд баргузор шуд. Имрӯз ҳазорҳо нафар дар варзишгоҳи шаҳр ҷамъ омада нашри корикатурҳои паёмбари ислом дар рӯзномаҳои Дания ва навори як филми зиддиисломӣ аз сӯи сиёсатмадори ҳуландӣ Гирт Вилдерсро шадидан маҳкум карданд.

Гирдиҳамомадагон аз ҳукумати Афғонистон тақозо намуданд 2400 низомии Дания ва Ҳуландро, ки ба ҳайати неруҳои байнулмилалии таҳти фармони НАТО шомиланд, аз кишвар хориҷ кунад.

XS
SM
MD
LG