Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барномаи ин навбати «Чашмандоз»-и мо ба руйкардҳои ахир дар сиёсати хориҷи Тоҷикистон, интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия, ки муҳимтарин шарики роҳбурдии Тоҷикистон ба ҳисоб меояд ва ба пирузии Дмитрий Медведев дар он интихобот, ва аз ин муҳимтар ба пайомади пирузии Медведев барои муносиботи Тоҷикистону Русия бахшида мешавад.

Суоли матраҳ ин аст, ки оё бо омадани оқои Медведев имкони тағйир кардани сиёсати Кремл нисбат ба Осиёи Марказӣ ва хосса Тоҷикистон вуҷуд дорад? Ва сарнавишти масоили гиреҳхурдаи Русияву Тоҷикистон аз қабили сохтмони Роғун чӣ хоҳад шуд? Омадани Медведев оё умедест барои ҳамвор шудани роҳ ҷиҳати кушодани гиреҳҳо ва ё ҳам ин гиреҳҳо печидатар хоҳад шуд?

Ва ахиран шоҳиди боздиди Виктор Юшенко, раисҷумҳури Укроин аз Тоҷикистон

шудем, ҷумҳурие, ки бо Русия мушкил дорад ва оқои Юшенко ҳам ба унвони як сиёсатмадори ғарбгаро шинохта шудааст.

Ва ин ҳам дар ҳолест, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанде пештар бо як сафари ғайри мунтазира аз Ҷумҳурии Исломии Эрон дидан кард ва ваъдаҳое барои сармоягузории он кишар дар тарҳҳои энержиро гирифт ва мавриди қобили тазаккур ҳам ин аст, ки дар ин сафар вазирони амниятӣ ва қудратӣ оқои Раҳмонро ҳамроҳӣ мекарданд.

Дар баҳси мизи гирди имрузи мо ширкат доранд, Раҳматулло Валиев - устоди донишгоҳ ва муовини раиси Ҳизби демократии ҷиноҳи М. Искандаров, Мусо Асозода – раиси Ҳизби халқӣ-демократӣ дар шаҳри Душанбе, Ҳикматулло Сайфуллозода - мудири бахши таҳлили ҲНИТ ва Раҷаби Мирзо - журналисти мустақил.

Ба назари оқои Валиев, бо омадани Медведев дар сиёсати Кремл нисбат ба Тоҷикистон тағйире ба вуҷуд нахоҳад омад ва муносибот ҳамчунон сард боқӣ хоҳад монд. Ба ақидаи ӯ, то замоне, ки манофеъи Узбакистон ва Русия таъвам аст, дар муносиботи Тоҷикистон бо Русия сардӣ вуҷуд хоҳад дошт.

Аммо ҷаноби Асозода умедвор аст, ки бо шурӯъи кори Медведев муносибот рушд хоҳад кард ва ба марҳилаи наве хоҳад расид. Ӯ муътақид нест, ки сардие дар муносиботи ду кишвар зуҳур карда бошад. Аммо, мегуяд, Русия ба тааҳҳуди худ дар бархе масоил бо Тоҷикистон амал накарда.

Ҳикматулло Сайфуллозода сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Эронро посух ба сафари Ислом Каримов ба Маскав медонад ва мегуяд, ин нишони дучори сардӣ шудани муносиботи ду кишвар аст ва Тоҷикистон талош дорад истиқлоли амали бештаре нишон диҳад.

Раҷаби Мирзо муътақид аст, ки Тоҷикистон фурсат дорад тарҳҳои энержии худро аз вобастагии Русия раҳо кунад ва дар пайи ёфтани шарикони дигар барои сармоягузории ин тарҳҳо бошад.


Идомаи баҳсро дар маҷаллаи «Чашмандоз» бишнавед.

Вобаста

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG