Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Исроил дар ҳолати омодабош


Баъди тирандозии рӯзи панҷшанбе дар як мактаби мазҳабӣ дар Байтулмуқаддас пулиси Исроил имрӯз ба ҳолати омодабош даромад. Дирӯз 6 март як марди мусаллаҳи фаластинӣ бо тирандозӣ дар ин мадрасаи мазҳабӣ ҳашт донишҷӯро кушта ва даҳ тани дигарро маҷрӯҳ кард. Фарди тирандозро дар маҳалли ҳодиса афсари пулиси Исроил ба қатл расонид. Тирандозӣ дар Байтулмуқаддасро раҳбарони кишварҳои ҷаҳон ва Созмони Милал ба шиддат маҳкум карданд.

XS
SM
MD
LG