Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занҳое, ки раҳбар буданд


Ҳаштуми марти соли 1908, 15000 зани амрикоӣ бо тақозои рӯзи кории кӯтоҳтар, маоши калонтар ва ҳаққи овоздиҳӣ дар шаҳри Ню-Йорк раҳпаймоӣ намуданд. Баъди ду сол ҳаштуми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии занон эътироф шуд.

Аввалин кишвари олам, ки ба занон ҳаққи овоздиҳӣ ва интихоб ба мансабҳои сиёсиро тақдим намуд, Финландия буд, ки соли 1906-ум қарореро дар ин бора ба тасвиб расондааст. Ҷои ёдоварист, ки дар Зеландияи Нав занон соли 1893 ҳаққи овоздиҳӣ ба даст оварда буданд.

Дар сад соли гузашта 50 зан раҳбарии кишварҳои оламро бар дӯш доштаанд. Аввалин зан раҳбари кишварҳои муосир Суҳбаатарин Янҷмаа буд, ки соли 1953 муддате раёсати Муғулистонро бар ӯҳда дошт. Соли 2006 Элен Ҷонсон Сирлиф савганди раёсатҷумҳурии Либерияро ёд кард. Ӯ аввалин зан-президенти кишвар дар Африқо мебошад.

Дар Осиё аввалин зани раисҷумҳур Коразон Акино буд, ки баъди куштори шавҳараш Бенинйо Акино соли 1986 президенти Филиплин интихоб шуд. Ҳамин гуна дар Аргентина ҳам Мария Эстелла Мартинез де Перон баъди марги шавҳараш ба курсии президент нишаст. Соли 1976 низомиён бар асари як табаддлуот ӯро барканор намуданд, вале мардуми Аргентина то ҳол раёсатҷумҳурии ин занро ба некӣ ёд мекунанд.

Индира Гандӣ ду дафъа сарвазири Ҳиндустон интихоб шуд, вале соли 1984 дар натиҷаи як сӯиқасд ӯ ба ҳалокат расид. Занони мусулмон Тансу Чиллер дар Туркия ва Холида Зиё дар Бангладеш вазифаи сарвазирро, ки дар мамолики ёдшуда ба раҳбари давлат мусовӣ мебошад, иҷро кардаанд. Зани дигар Беназир Бҳутто имкон дошт, бори сеюм ба курсии сарвазири Покистон нишинад, вале охири соли гузашта дар натиҷаи бомбгузорӣ ӯ кушта шуд. Дар интихоботи парламентии Покистон ҳизби Беназир Бҳутто пирӯз шуд.

Аҳли олам давраҳои раҳбарии Голда Мейир дар Исроил дар Маргарет Тетчер дар Британияро ба хубӣ дар ёд доранд. Хонум Гро Ҳарлем Брунтланд се дафъа сарвазири Норвегия ва баъдан раҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар бораи раҳбарии муваффақи занон гуфтааст, вақте зиёфат ба поён мерасаду мардон пароканда мешаванд, занон барои поккорӣ сафарбар мешаванд.

Иди шумо муборак занон мӯҳтарам!

XS
SM
MD
LG