Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлаи пурқурбонӣ дар Байтулмуқаддас


Дар асари тирандозӣ дар як мактаби динӣ дар ғарби Байтулмуқаддас дасти кам 8 нафар кушта шуданд. Пулис мегӯяд, як нафари мусаллаҳ вориди китобхонаи мактаби Мерказ Ҳарав шуда, ва то замони кушта шуданаш мардумро тирборон мекунад.

Матбуоти Исроил мегӯяд, дар асари ин тирандозӣ даҳҳо нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Ин нахустин ҳамла дар Байтулмуқаддас дар тӯли беш аз 1 соли гузашта буд. Раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос ин ҳамларо маҳкум кард.

Шабакаи телевизионии Ал-Манор, марбут ба гурӯҳи тундрави Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт, ин ҳамла тавассути гурӯҳи то кунун ношиноси мавсум ба “Шаҳидони Имод Муғния ва Ғаза” анҷом шудааст, вале ин иддао ҳанӯз тасдиқношуда мебошад.

XS
SM
MD
LG