Пайвандҳои дастрасӣ

Русия маҳдудиятҳо бо Абхозистонро бардошт


Русия маҳдудиятҳои мавҷуда дар тиҷораташ бо Абхозистон, ҷумҳурии ҷудоиталаби дар гузашта тобеъи Гурҷистонро аз миён бардошт. Аммо Маскав мегӯяд, ин иқдомаш рабте бо шинохти истиқлолияти Косово аз сӯи Ғарб надорад. Ин маҳдудиятҳоро алайҳи Абхозистон Иттиҳоди кишварҳои ҳамсӯд ҳанӯз соли 1996 ҷорӣ карда буд, вале он амалан фаъол набуд.

Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ, қисмати дигари Гурҷистон ҳанӯз дар аввалҳои солҳои 90 худро аз Тифлис мустақил эълон кардаанд. Русия ба таври ғайриаланӣ аз ин вилоёти ҷудоиталаб пуштибонӣ мекунад, вале мустақилияти онҳоро ба расмият то кунун касе нашинохтааст.

XS
SM
MD
LG