Пайвандҳои дастрасӣ

СММ аз пайомади афзоиши нархҳо ҳушдор медиҳад


Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор дода, ки болоравии қимати ғизо метавонад мунҷар ба бурузи бештари гуруснагӣ ва ошӯбҳои бештар шавад.

Ҷосет Широн, мудиромили Барномаи ғизои СММ гуфт, афзоиши нархи ғизо ҷаҳонро бо чеҳраи нави гуруснагӣ рӯбарӯ мекунад. Яъне онҳое, ки дар қабл тавони харидории ғизоро доштанд, акнун ин тавонро аз даст медиҳанд. Хонум Широн афзуд, болоравии нархҳо метавонад боиси бурузи ошӯбҳои иҷтимоӣ дар як иддае кишварҳое шавад, ки вобастаи воридоти маҳсулоти ғизоӣ мебошанд. Боло рафтани қимати энержӣ, афзоиши талаботи кишварҳое назири Ҳинду Чин ба маҳсулоти хӯрокворӣ ва ҳамин тавр, истифодаи афзояндаи маҳсулоти кишоварзӣ дар тавлиди маводи сӯхт аз ҷумлаи далоили аслии болоравии қимати ғизо дар бозорҳои ҷаҳонӣ дониста мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG