Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Юнон ба исми расмии Мақдуния мухолиф аст


Юнон гуфтааст, то замони ҳалл шудани баҳсаш бо Мақдуния бар сари исми расмии он кишвар наметавонад аз узвияти Мақдуния ба паймони НАТО пуштибонӣ кунад. Мақдуния, Албания ва Хорватия умедворанд, ки алакай дар нишасти моҳи апрели НАТО дар Бухарест барои пайвастан ба ин паймон даъвати расмӣ хоҳанд гирифт.

Аммо Юнон мегӯяд, Мақдуния дар асл исми як вилояти воқеъ дар шимоли Юнон аст ва айни номро доштани ҳамсоякишвараш метавонад ҳамчун мояи таарруз ба қисме аз қаламрави Юнон талаққӣ шавад.

XS
SM
MD
LG