Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мақоми қирғиз барои рӯйдодҳои Оқсу маҳкум шуд


Собиқ раиси як вилояти Қирғизистон барои нотавониаш дар ҷилавгирӣ аз кушторҳои 6 соли пеш ба ҳабси шартӣ маҳкум шуд. Додгоҳи низомӣ дар Бишкек имрӯз ҳукм кард, ки Султон Урмоналиев бо сӯиистифода аз вазифа тасмим гирифт, ки аз сафар ба ноҳияи Оқсуи вилояти Ҷалолобод ба хотири хатми сулҳомези намоишҳои эътирозӣ сарфи назар кунад. Урмоналиев гуфт, ба вай аз ҷониби дафтари раёсатҷумҳурӣ амр дода шуд, ки ба маҳалли ҳодиса сафар накунад. Вайро ба се соли шартии зиндон маҳкум карданд ва гуфтанд, ки дар сурати вайрон кардани қонун барои панҷ сол равонаи маҳбас хоҳад шуд. Дар намоишҳои эътирозии Оқсу дар соли 2002 дасти кам 5 нафар аз ҷониби полис кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG