Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари Юшенко ба Душанбе шоми имрӯз оғоз мешавад


Имшаб дар Душанбе раиси ҷумҳурии Украина Виктор Юшенкоро интизор доранд, ки барои анҷоми як сафари корӣ ба Тоҷикистон меравад. Дар ҷараёни сафари нахустини раҳбари Украина ба Тоҷикистон мулоқоти рӯбарӯи вай бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дар назар гирифта шудааст. Инчунин, қарор аст мақомоти ду кишвар зери чанд санади марбут ба бахшҳои мухталифи ҳамкориҳои тарафайн имзо гузоранд. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳамчунин қарор аст, раисҷумҳури Украина аз нирӯгоҳҳои барқи обии Норак, Сангтӯда-1 ва Сангтуда-2 дидан кунад.
XS
SM
MD
LG