Пайвандҳои дастрасӣ

Юнон мухолифи узвияти Македония дар НАТО аст


Вазири хориҷаи Юнон Дора Бакоянӣ гуфт, ки кишвари вай наметавонад аз узвияти Македония дар ҳайати НАТО ба далели ҳалношуда мондани баҳси сари исми ин кишвар пуштибонӣ кунад. Изҳороти вазири юнонӣ баъди нишасти паймони низомии НАТО дар Бруссел садо дод, ки масъалаи пазируфта шудани се кишвари минтақаи Балкан - Албания, Хорватия ва Македонияро ба ҳайати НАТО баррасӣ кард. Нишасти имрӯза чун омодагӣ ба ҳамоиши солонаи НАТО дар таърихи 2-4 апрел арзёбӣ мешавад, ки бояд дар Буҳарест ҷараён гирад. Юнон бо исми давлати Македония мухолифат дорад ва мегӯяд, ки ин номи таърихии яке аз минтақаҳои шимолии кишвари вай аст ва метавонад боиси сар задани ҷоҳталабиҳои арзии ин минтақа шавад.

XS
SM
MD
LG