Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ӯзбакистон 568 кг ҳероин боздошт шуд


Мақомоти Ӯзбакистон гуфтанд, ки миқдори махсусан зиёди ҳероинро дар қаламрави худ боздошт карданд. Дар гузориши хадамоти амнияти миллии ин кишвар гуфта мешавад, ки миқдори ҳероини боздоштшуда 568 килограмро ташкил медиҳад ва он аз ҳаҷми куллии ҳероини дар соли гузашта боздоштшуда дар қаламрави ин кишвар ба маротиб бештар аст. Ӯзбакистон ҳамсояи Афғонистон, кишвари бузургтарини тавлидкунандаи афюн дар ҷаҳон аст ва ҳероини боздоштшуда ҳам аз он кишвар вориди Ӯзбакистон шудааст.

XS
SM
MD
LG