Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бо қарори ҳукумат ҳамакнун овозхонҳои тоҷик ҳақ надоранд, ҳатто дар тую маъракаҳои шахсии шаҳрвандон фонограмаро истифода баранд.

Ҳукумати Тоҷикистон бо судури як қарор сурудхонии овозхононҳои тоҷик бо фонограммаро манъ кард.

Олимҷон Солиев, масъули идораи санъати вазорати фарҳанг мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи қарор дар бораи манъи истифодабарии фонограммаро, ки қаблан вазорати фарҳанг таҳия намуда буд, тасдиқ намудааст. Ба қавли вай, ин қарор истифодаи фонограммаро барои ҳамаи овозхонҳо манъ мекунад ва фақат ба дастаҳои рақсӣ истифодаи фонограммаҳои танҳо бесадоро иҷоза медиҳад. Оқои Солиев гуфт, ҳамакнун овозхонҳои тоҷик ҳақ надоранд, ҳатто дар тую маъракаҳои шахсии шаҳрвандон фонаграмаро истифода баранд.

Оқои Солиев гуфт, дар паи ин қарор ояндаи наздик вазорати фарҳанг як комиссияи вижа ҷиҳати назорати тую маъракаҳо ва консертҳои овозхонҳои тоҷик таъсис медиҳад ва ин комиссия дар паи овозхонҳои тоҷик маҳфилҳои мусиқиро тафтиш мекунад, ки оё онҳо бо фонограма суруд мехонад ё на.

Вазорати фарҳанг сабаби тасвиби ин қарорро дар он шарҳ медиҳад, ки сабти овозии фонограмма ба рушди санъати мусиқиву сурудхонӣ халал ворид мекунад.

Аммо ҳунармандони тоҷик иддаъо мекунанд, ки ин қарори ҳукумат нодида гирифтани шароити фаннии Тоҷикистон аз суи ҳукумати ин кишвар аст. Ҳунармандони тоҷик мегуянд, ин қарори ҳукумати Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар толорҳои бузурги Тоҷикистон амсоли толори «Кохи Борбад»-у «Кохи Ваҳдат» бидуни фонограмма овозхонӣ намудан аз имкон берун аст. Бахтиёр Раҳимов, як ҳунарманди тоҷик, мегуяд: «Дар маҳфилҳои ҷашние, ки дар майдонҳои калон сурат мегиранду дар он ҷо 10-15 ҳазор нафар тамошобин ҳузур дорад, ба ғайр аз истифодаи фонограмма мо дигар илоҷе надорем. Чунки баландгӯякҳое, ки мо истифода мебарем, овозҳои ноҷури мусиқавии тору дутор шунида мешавад ё ин, ки аз худи ҳамон микрофонҳое, ки мо мемонем бевосита овозҳои нолозим мебароранд. Ин кайфияти мусиқию сурудро гум мекунад.»

Мастон Оқилов, як коргардони тоҷик мегуяд, ҳукумат дар ҳоле ин қарорро қабул кардааст, ки дар Тоҷикистон коргардонҳои овозе нестанд, то асбобҳои мусиқии зиндаро дар толорҳо танзим кунанд. Оқои Оқилов мегуяд, бидуни фонограмма танзим намудани асбобҳои мусиқавии эстрадӣ аз имкон берун аст.

«Ин нозукии худро дорад. Дар жанри мусиқии классики (халқӣ) ҷобаҷогузории баландгуякҳоро мо метавонем, танзим намоем, вале жанри эстрадӣ ин мушкил аст. Зеро дар вақте оркестр месарояд, бояд ҳар як садо ҳар як баланди садо танзим кардан даркораст. Барои ин ба мо коргардони овоз даркор аст.»

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи масъулин дар қарори ҳукумат барои истифодаи фонограма ба ҳунармандон ҳеҷ гуна ҷазо пешбинӣ нашудааст. Ҳунармандон барои истифодаи фонограма чӣ гуна ҷазо мебинанд, инро комиссияи вижаи вазорати фарҳанг баъдан муайян мекардааст.

Коршиносон мегуянд, тасмимгирии ҳукумати Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар тамоми дунё аз фонограмма чун бозёфти фаннии мусиқии муосир истифода мебаранд. Тоҷикистон бо кабули ин қарор дар тамоми ҷаҳон ягона кишвар шуд, ки истифодаи фонограммаро барои овозхонҳояш манъ кардааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG