Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Симои Афғонистон бо қалами наққошони ҷавон


23 наққоши ҷавони афғонӣ дар як намоишгоҳи сайёр эҷодиёти худро дар маърази се ҳазор тамошобин қарор доданд. Ин намоишгоҳи ҳаштрӯза ҳамакнун аз Кобул ба шаҳри ғарбии Ҳирот кӯчидааст. 93 нигора симои Афғонистони ҷангзадаро инъикос мекунад, ки дар он мешавад занҳои аз ҷангу хунрезӣ хаставу абгор, чеҳраҳои ноумед, хушунату силоҳро дид. Дар ҳоле, ки ҳанӯз ҳафт соли пеш дар аҳди Толибон ташкил кардани чунин як намоишгоҳро ҳатто тасаввур кардан амри маҳол буд, таъкид мешавад, ки куллия рассомони ширкатдори ин намоишгоҳ занҳо мебошанд.
XS
SM
MD
LG