Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин: ИМА муболиға мекунад


Нашрияи расмии Чин имрӯз ИМА-ро дар муболиғаи аз ҳад беши қудрати низомии Пекин ба хотири тавҷеҳи фурӯши аслиҳаи худ ба Тайван айбдор кард. Гузориши солонаи Вазорати дифои Амрико, ки ҳафтаи ҷорӣ ба нашр расид, мегӯяд, ба хотири харобсозии фанновариҳои кайҳонии рақибонаш Пекин дар пайи такмили аслиҳаи худ мебошад. Роберт Гейтс, вазири дифои Амрико рӯзи чоршанбе гуфт, ки Чин масрафоти афзояндаи низомии худро ташреҳ надодааст, ҳарчанд, ба қавли Пентагон, Пекин дар соли ҷорӣ ба барномаҳои низомии худ назар ба соли гузашта 17,6 дар сад маблағи бештар ихтисос дода, онро то ба ҳудуди 60 миллиард доллар расонидааст.
XS
SM
MD
LG